Машваратҳои сиёсӣ

29.05.2021 11:39

Мутобиқи Ёддошти тафоҳум дар бораи машваратҳо байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон аз 7 августи соли 2006, мақомоти хориҷии ду кишвар абзори машваратҳои сиёсиро таъсис доданд.

Мақомоти хориҷии ду кишвар мунтазам машваратҳо баргузор намуда, оид ба ҳамаи самтҳои ҳамкориҳои дуҷониба, махсусан дар соҳаҳои сиёсӣ, савдо, илм, технология, фарҳанг, маориф ва мудофиа мубодилаи маълумот анҷом медиҳанд. Ҳамзамон онҳо оид ба масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор менамоянд.

Даври 4-уми машвартҳои сиёсӣ байни мақомоти хориҷии Тоҷикистону Ҳиндустон 19 декабри соли 2018 дар ш.Деҳлии нав баргузор гардид.

Байни ду кишвар инчунин абзори машварти консулӣ низ фаъол буда, 7 июни 2019 дар Душанбе даври якуми он  баргузор гардид.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg