Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон 28 августи соли 1992 барқарор гардиданд.
Пояи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои ҳарду ҷонибро зиёда аз 70 санади байниҳукумативу байниидоравӣ ташкил медиҳанд. Аз ин шумора, 4 адад шартномаҳои байнидавлатӣ, 26 адад шартномаҳои байниҳукуматӣ, 15 адад шартномаҳои байниидоравӣ, 7 адад эъломияҳои муштарак ва 10 барномаву протоколҳои мухталиф дар соҳаҳои гуногун ташкил медиҳанд.
Байни ду кишвар дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ҳарбӣ, амният, маориф ва илм, саноат, энергетика, ҷавонон, шуғл, тандурустӣ, сармоягузорӣ, истифодаи фазои кайҳон ва дигар бахшҳои муҳим санадҳои дуҷониба имзо шудааст.
Моҳи феврали соли 1993 сафари ҳайати баландпояи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ҳиндустон доир гардид, ки дар густариши муносибатҳои байни ду кишвар заминаи муҳим гузошт. Дар рафти ин сафар Эъломия дар бораи усулҳо ва самтҳои ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон ба имзо расид, ки дар он усулҳои эҳтироми истиқлолият, соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ, мудохила накардан ба корҳои дохилии ҳамдигар ва пайравӣ ба мақсаду усулҳои Низомномаи СММ таъкид гардиданд.
Нахустин сафари расмии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳиндустон моҳи декабри соли 1995 анҷом ёфт, ки дар рафти он 5 санад ба имзо расид.
Сафари дуюми Пешвои миллат ба Ҳиндустон январи соли 1999 зимни бозгашт аз Ветнам ба Тоҷикистон доир гардид. Дар рафти он сафар мулоқоти Сарвари давлат бо Сарвазири Ҳиндустон доир шуд, ки дар рафти он ҷонибҳо роҳҳои таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалиро мавриди муҳокима қарор доданд.
Бо даъвати роҳбарияти Ҳиндустон 9-12 майи соли 2001 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Ҳиндустон ташриф овард. Ҳангоми сафар ӯ бо Президенти Ҳиндустон Коҷерил Роман Наранян, ноиби президент Кришна Кант ва Сарвазири Ҳиндустон Атал Бихари Ваҷпай вохӯрӣ намуд. Зимни сафари мазкур 6 санади ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун ба имзо расид.
13-14 ноябри соли 2003 Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Атал Биҳари Ваҷпай ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом дод. Дар ҷараёни мулоқотҳои сатҳи олӣ роҳҳои густариши муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд, масоили минтақавӣ ва байналмилалӣ, инчунин дигар мавзӯъҳои қобили таваҷҷуҳи ҷонибҳо муҳокима гардиданд. Дар ҷараёни сафари мазкур 8 санади ҳамкорӣ ба имзо расида, дар шаҳри Душанбе боғ ва нимпайкараи Маҳатма Ганди ифтитоҳ шуд.
6-10 августи соли 2006 бо даъвати Сарвазири Ҳиндустон доктор Манмоҳан Сингх сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ҳиндустон сурат гирифт. Дар ҷараёни он сафар эъломияи муштарак қабул гардид, ки он иродаи ду кишвар барои кушодани уфуқҳои нав дар ҳамкориҳои байни ду кишвар таъкид гардид. Зимни сафар 4 санади дигари ҳамкорӣ низ ба имзо расид.
6-8 сентябри соли 2009 бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пратибҳа Девисингҳ Патил ба Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт.
1-4 cентябри соли 2012 бо даъвати Президенти Ҳиндустон Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳиндустон сафари давлатӣ анҷом дод. Дар рафти сафар мулоқотҳои Президенти Тоҷикистон бо Сарвазир, ноиби Президент ва Президенти Ҳиндустон баргузор шуданд. Дар рафти сафар 9 санад ба имзо расида, инчунин вохӯрии Пешвои миллат бо доираи соҳибкорони Ҳиндустон танзим гардид.
14-17 апрели соли 2013 сафари расмии Ноиби Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Шри Моҳаммад Ҳамид Ансорӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт, ки зимни он мулоқоти ӯ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд. Дар вохӯрӣ масоили ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Ҳиндустон, аз ҷумла таҳкими робитаҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва дар соҳаҳои илму техника, маориф, тандурустӣ ва фарҳанг баррасӣ шуданд.
Сафари давлатии Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ ба Тоҷикистон рузҳои 12-13 июли соли 2015 сурат гирифта, ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба такону илҳоми нав бахшид. 13 июли 2015 дар шаҳри Душанбе муҷассамаи Робиндранат Тагор бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ расман қомат афрохт.
16-17 декабри соли 2016 бо даъвати Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ҳиндустон баргузор шуд.
7-9 октябри соли 2018 сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Рамнатҳ Ковинд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт, ки зимни он 10 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.