1 ноябри соли 2022 дар шаҳри Ноидаи Ҳиндустон ҳафтумин ҳафтаи оби Ҳиндустон “7th India Water Week” дар мавзӯи “Амнияти об барои рушди устувор дар асоси баробарӣ” оғоз гардид.
Дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ Президенти Ҳиндустон ва дигар намояндагони воломақоми кишвар ширкат варзида, суханронӣ карданд.
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Муовини аввали вазири об ва энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоимзода Ҷамшед дар чорабинӣ иштирок намуд.
Муовини аввали вазири об ва энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоимзода Ҷамшед зимни суханронии худ дар ҷаласаи пленарӣ оид ба пешрафту мушкилот дар соҳаи об ва нақши муҳими об дар рушди устувори ҷомеа таъкид намуд.
Ба вижа Муовини аввали вазир аҳамияти Конфронси СММ оид ба бознигарии миёнамуддати Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”-ро дар ҳалли масоилу мушкилоти соҳаи об тазаккур кард.
Дар ҳошияи Ҳафтаи оби Ҳиндустон (IWW) чорабиниҳои гуногун дар шакли семинарҳо, ҷаласаҳои панелӣ, иҷлосияҳои махсус ва намоишгоҳи технологияҳо, навтарин коркардҳо ва қарорҳои дастрас дар соҳаҳои гуногуни марбут ба амнияти об баргузор гардиданд.
Муовини аввали вазири об ва энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоимзода Ҷамшед инчунин дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳи Ҳафтаи оби Ҳиндустон (IWW) ширкат варзида, бо дастоварду иқтидори кишвар дар соҳаи мудирияти захираҳои об шинос шуд.
Дар ҳошияи Ҳафтаи оби Ҳиндустон (IWW) мулоқотҳои Муовини аввали вазир Шоимзода Ҷамшед бо Вазири захираҳои оби Ҳиндустон Гаҷендра Сингҳ Шекхават ва Дабири кулли Комиссияи байналмилалӣ оид ба обёрӣ ва заҳбур Ашвин Пандая доир гардид.
Зимни мулоқотҳо роҳу имкониятҳо дар тақвияти ҳамкориҳои муфид дар соҳаи мудирияти захираҳои об муҳокима гардиданд.



