Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Аламшозода дар Конфронси вазирон ҷиҳати мубориза бар зидди маблағгузории терроризм “No money for terror”, ки 18-19 ноябри соли 2022 дар шаҳри Деҳлии Нав доир гардид, ширкат варзид.
Роҳбари ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи пленарии Конфронси мазкур суханронӣ карда, барои тақвияти ҳамкориҳо, иқтидорҳои миллӣ ва мубодилаи маълумоту таҷриба дар масоили мубориза бо терроризми байналмилалӣ, аз ҷумла маблағгузории он даъват ба амал овард. Муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон инчунин доир ба чораҳои андешидаи Ҳукумати кишвар дар мубориза бо маблағгузории терроризм, тақвияти мудирияти сарҳадоти давлатӣ ва дигар маълумот ироа намуд.
Дар ҳошияи конфронс рӯзи 18 ноябри 2022 мулоқоти Муовини якуми вазири корҳои дохилии Тоҷикистон А. Аламшозода бо Муовини вазири корҳои дохилии Ҳиндустон Свагат Дас доир гардид. Зимни мулоқот имконияту роҳҳои нави ҳамкориҳои мутақобилан муфид байни вазоратҳои корҳои дохилии ду кишвар дар масоили мубориза бо ҷинояткории муташаккил, кочоқи маводи мухаддир ва киберҷиноят, аз ҷумла тақвияти иқтидори миллӣ мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор дода шуд.



