Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Котиби Шурои амнияти кишварМаҳмудзода Насрулло дар аввалин ҷаласаи мушовирони амнияти миллӣ/котибони шурои амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон, ки мутобиқи қарордодҳои нахустини Саммити Ҳиндустон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ 5 декабри соли 2022 дар шаҳри Деҳлии Нав доир гардид, ширкат варзид.
Роҳбари ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи мазкур иштирок карда, дар робита ба тамоюли афзоиши таҳдиду чолишҳои анъанавӣ ва нав, аз ҷумла киберҷиноят, чолишҳои муҳитизистӣ ва биологӣ ибрози назар кард. Ба вежа Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон аҳамияти таҳкими ҳифзи мудирияти сарҳадоти давлатӣ бо Афғонистон, муборизаи муштарак бо кочоқи маводи мухаддир, терроризм ва дигарро тазаккур намуд.
Ҷаласа бо қабули Изҳороти муштарак ба анҷом расид.
5 декабри соли 2022 дар ҳошияи ҷаласаи мазкур инчунин мулоқоти дуҷонибаи Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Насрулло бо Мушовири Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба амнияти милль Аҷит Довал доир гардид, ки зимни он ҷонибҳо роҳҳои таҳкими ҳамкориҳоро дар масъалаҳои таъмини амният мавриди муҳокима қарор доданд.


