Рӯзи 15 декабри соли 2022 дар шаҳри Деҳлӣ конфронси байналмилалӣ бахшида ба 30-умин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҳиндустон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ зери унвони “Рушди муносибатҳои Ҳиндустону Осиёи Марказӣ: миқёс ва доира” баргузор гардид, ки дар он намояндагони воломақоми вазорати корҳои хориҷии кишвар, роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Ҳиндустон, коршиносон аз Ҳиндустон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, собиқ сафирони Ҳиндустон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, олимон ва мутахассисон иштирок намуда, роҷеъ ба масъалаҳои амниятӣ, пайвастшавӣ, ҳамкориҳои минтақавӣ, тиҷорат, энергетика, фарҳанг ва тамоси байни одамон андешаронӣ ва табодули назар намуданд.
Сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон ва ду коршинос аз Тоҷикистон дар ҷараёни конфронс суханронӣ намуда, таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба дурнамо ва самтҳои нави ҳамкорӣ, ки аз натиҷаҳои аввалин Саммити Осиёи Миёна ва Ҳиндустон, ки 27 январи соли 2022 баргузор гардида буд, бармеоянд ҷалб намуд.

