12 январи соли 2023 Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода дар доираи Саммити “Садои ҷаҳони Ҷануб” дар ҷаласаи нишасти вазирони ҳифзи муҳити зист, ки ба таври маҷозӣ таҳти раёсати Ҳиндустон баргузор шуд, ширкат варзид.
Зимни суханронӣ Баҳодур Шерализода оид ба пешниҳоди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи 14 декабри соли 2022 қабули гардидани қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид доир ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо-2025 ва 21 март ҷашн гирифтани “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” ёдовар шуд.
Раиси кумита инчунин афзуд, ки Тоҷикистон аз рӯи иқтидори истихроҷи нерӯи об дар ҷаҳон ҷои 6-умро ишғол мекунад ва ин зарфият метавонад ҳамчун манбаи “энергияи сабз” барои тамоми минтақа хизмат карда, дар татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор саҳми арзанда гузорад.

