Фестивали филми Созмони ҳамкории Шанхай рӯзҳои 27 то 31 январи 2023 дар шаҳри Мумбай доир мегардад. Фестивали мазкур аз ҷониби Вазорати иттилоот ва телевизиону радиои Ҷумҳурии Ҳиндустон дар ҳамкорӣ бо Корпоратсияи миллии рушди филми Ҳиндустон ташкил карда шудааст.
Тоҷикистон дар бахшҳои озмуни Фестивали мазкур бо филмҳои ҳунарии “Дов”, коргардон Муҳиддин Музаффар, “Охирин сайди сайёд”, коргардон Муҳаммадрабии Исмоил ва “Роҳ”, коргардон Носир Саидов иштирок мекунад.
Дар чорабинии мазкур ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён, ки ҳамзамон узви ҳайати доварони Фестивали филми Созмони ҳамкории Шанхай мебошад, ширкат доранд.


