6 феврали соли 2023 дар ҳошияи ҷаласаи 6-уми ниҳодҳои олии аудити давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар ш. Лакҳнави Ҳиндустон, мулоқоти Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарахон Чиллазода бо Аудитори генералӣ ва назорати Ҷумҳурии Ҳиндустон Гриш Чандра Маму баргузор шуд.
Дар рафти мулоқот ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи аудиту назорати молиявӣ ва роҳҳои тақвияти ҳамкориҳо байни ду ниҳод муҳокима гардиданд.
Дар поёни мулоқот Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи аудитори генералӣ ва назорати Ҷумҳурии Ҳиндустон ба имзо расид.

