Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар “Ҳафтаи энергетикаи Ҳиндустон"

10.02.2023 06:59

6-8 феврали соли 2023 дар шаҳри Бангалор “Ҳафтаи энергетикаи Ҳиндустон 2023” доир гардид.  

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии муовини вазири об ва энергетикаи Холмухамадзода Сорбон дар чорабинӣ иштирок намуд.

Дар доираи ҳамоиш чорабиниҳои гуногун дар шакли семинарҳо, ҷаласаҳои панелӣ, иҷлосияҳои вежа ва намоишгоҳи фанновариҳо ва навовариҳо дар соҳаҳои гуногуни марбут ба рушди энергетика баргузор гардиданд. 

Дар ҳошияи Ҳафтаи энергетикаи Ҳиндустон мулоқоти Муовини вазир Холмухамадзода Сорбон бо Вазири нафт ва газии табиӣ, манзил ва шаҳрсозии Ҳиндустон Ҳардип Сингҳ Пурӣ доир гардид. Зимни мулоқот роҳу имкониятҳо дар тақвияти ҳамкориҳои муфид ба самтҳои афзалиятноки ҳамкорихои дучониба дар соҳаи энергетика муҳокима гардиданд.

Foh-QjxaIAAo3nT.jpg

Energy-week.jpeg

 

 

FochFeraMAAAdvo.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg