29 марти соли 2023 дар Деҳлии Нав таҳти раёсати Ҷумҳурии Ҳиндустон 18-ум ҷаласаи Котибони шуроҳои амнияти давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид.
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳти роҳбарии Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода дар ҷаласаи ширкат варзида, суханронӣ намуд.
Зимни ҷаласаи мазкур кишварҳои узви СҲШ масоили мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, маблағгузории терроризм, гардиши ғайриқонунии силоҳ ва қочоқи маводи мухаддир ва дигар чолишҳои амниятиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ҳошияи чорабинӣ мулоқоти дуҷонибаи котибони шӯроҳои амнияти Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо доир ба тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи амният, аз ҷумла таҳкими эътимод байни ду кишвар мубодилаи афкор анҷом доданд.