20 апрели соли 2023 дар Деҳлии Нав таҳти раёсати Ҳиндустон ҷаласаи мақомоти ҳолатҳои фавқуллодаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур Муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиавии граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Исозода Сулаймон ширкат варзида, суханронӣ кард.
Зимни ҷаласаи мазкур намояндагони марбутаи кишварҳои узви СҲШ масоили таҳкими ҳамкорӣ дар омодагӣ ба ҳолати фавқулодда ва коҳиш додани оқибатҳои офатҳои табииро баррасӣ карданд.