5 майи соли 2023 дар шаҳри Панаҷӣ, штати Гоаи Ҳиндустон, дар ҳошияи иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Субраҳманиям Ҷайшанкар мулоқот намуд.
Зимни суҳбат ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои мутақобилан судманди гуногунҷанба миёни Тоҷикистону Ҳиндустон баррасӣ гардид.
Ҷонибҳо омодагии хешро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои ду кишвар дар ҳамаи самтҳо, хусусан дар мавриди ҷонноксозии фаъолияти абзорҳои ҳамкорӣ, аз қабили машваратҳои сиёсӣ ва консулӣ, Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ, инчунин дигар қолабҳои ҳамдастӣ дар бахшҳои амният, энергетика, саноат, кишоварзӣ, тандурустӣ ва маориф таъйид намуданд.
Дар рафти гуфтушунид ҳамчунин табодули афкор оид ба масоили минтақавӣ ва шарикӣ дар чаҳорчӯби қолабҳои бисёрҷониба сурат гирифт.