5 майи соли 2023 дар шаҳри Панаҷӣ дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Дабири кулли СҲШ Чжан Минг баргузор гардид.
Мусоҳибон оид ба масъалаҳои рӯзномаи СҲШ бо таваҷҷӯҳ ба пешбурди ташаббусу пешниҳодҳои Тоҷикистон дар чаҳорчӯби созмон табодули назар карданд.
Дабири кулл ба ҷониби Тоҷикистон барои дастгирии устувор ва саъю кӯшиши он ба ҳайси роҳбари органи маъмурии СҲШ изҳори сипос намуд.