28 апрели соли 2023 дар шаҳри Деҳлии Нав, таҳти раёсати Ҷумҳурии Ҳиндустон ҷаласаи вазирони мудофиаи давлатҳо – аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид.
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Шерали Мирзо дар кори ҷаласа иштирок намуд.
Зимни баргузории ҷаласаи мазкур чолишҳо дар соҳаи таъмини амнияти ҳарбию сиёсӣ, зуҳур кардани тамоюлҳое, ки ба амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ таъсири манфӣ мерасонанд, таҳдидҳои терроризм, ифротгароӣ ва сепаратизм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқи маводи мухаддир ва киберҷиноят мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.