Ҷаласаи 14-уми Хазинаи Осиёгии Рушд

23.11.2023 14:27

Рузи 14 ноябри соли 2023 дар пойтахти Ҷумҳурии Ҳиндустон - Деҳлии Нав ҷаласаи 14-уми Хазинаи Осиёгии Рушд, ки сарчашмаи маблағгузориҳои грантӣ барои кишварҳои узви Бонки Осиёгии Рушд мебошад, оғоз гардид. Дар чорабинии мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ширкат варзида, ҷиҳати ҷалби маблағҳои Хазинаи мазкур барои татбиқи лоиҳаи НБО Роғун суханронӣ намуд. Ҷаласаи 14-уми Хазинаи Осиёгии Рушд то 17 ноябри соли ҷорӣ идома хоҳад ёфт.

Дар чорабинӣ инчунин намояндагони кишварҳои саҳмгузори Хазина, аз ҷумла Ҷопон, Олмон, ИМА, Британияи Кабир, Австралия, Канада, Малайзия, Норвегия, Шведсия, Тайланд, Бруней, Дания, Финландия, Ирландия, Люксембург, Нидерландия, Зеландияи Нав, Филиппин ва дигар иштирок намудаанд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg