22 марти соли 2024 дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж бо ибтикори ЮНЕСКО ва Комиссияи иқтисодии СММ оид ба Аврупо (UNECE) Конфронс ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии об таҳти унвони “Об баҳри субот” баргузор гардид.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар маросими ифтитоҳии он аз тариқи наворпаём суханронӣ намуд.
Суханронии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар чорабинии ЮНЕСКО бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷаҳонии об
(22 марти соли 2024, Қароргоҳи ЮНЕСКО, Париж)
Муҳтарама Одри Азуле,
Муҳтарама Лидиа Брито,
Олиҷанобон ва ҳамкорони гиромӣ,
Пеш аз ҳама мехоҳам ба ЮНЕСКО ва СММ-захираҳои об барои ташкили чорабинии муҳими имрӯза, ки ба таҷлили Рӯзи ҷаҳонии об бахшида шудааст, миннатдории худро баён намоям.
Як сол қабл, дар ҳамин рӯз Конфронси таърихии оби СММ зери ҳамраисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерландия ҷомеи ҷаҳонро барои баррасӣ ва муҳокимаи масъалаҳои марбут ба об гирд овард. Вобаста ба ин, мехостам, бо эҳтироми самимӣ ба ҳар яки шумо барои дастгирӣ ва шарикӣ дар бомуваффақ баргузор намудани Конфронси оби СММ, изҳори сипос намоям.
Ҳамкорони муҳтарам,
Тоҷикистон тайи зиёда аз ду даҳсола масъалаҳои марбут ба обро дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд тавассути ташаббусҳои худ пеш мебарад.
Ташаббусҳои ҷаҳонии об мо, ки аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидааст, барои пешбурди мавзуи марбут ба об дар сатҳҳои гуногун, инчунин ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои глобалии ҳамоҳангшуда дар соҳаи об, аз ҷумла онҳое, ки дар Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор дарҷ шудаанд, заминаи сазовор гузоштанд.
Моҳи марти соли 2023, зимни суханронии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси оби СММ, якчанд уҳдадориҳои Тоҷикистонро, аз ҷумла истифодаи платформаи Раванди оби Душанбе барои пайгирии натиҷаҳои Конфронси оби СММ ва Рӯзномаи амали об, ироа намуданд.
Боиси қайд аст, ки Раванди оби Душанбе бо ташаббуси Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати пуштибонии ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” таъсис ёфтааст. Тибқи он Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Дафтари СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ҳар ду сол конфронсҳои байналмилалиро бахшида ба Даҳсолаи амали об баргузор менамояд.
Ҳозирини гиромӣ,
Конфронси 2-уми Даҳсолаи амали оби оби Душанбе дар соли 2022 дар ташаккули мавзуъҳои муколамаҳои интерактивии Конфронси обии СММ 2023 нақши муҳим бозида, зимни он оғози Рӯзномаи амали об муаррифӣ гардидааст.
Ҳадафи асосии Конфронси мазкур ин фароҳам овардани платформа барои пайгирӣ, пешбарӣ ва дастгирии иҷрои ӯҳдадориҳои ихтиёрии дар Рӯзномаи амали обии Конфронси оби СММ ба қайд гирифташуда, инчунин ҳавасмандгардонии шарикии нав ва суръат бахшидан ба амалҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳои Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор мебошад.
Бояд қайд кард, ки ҷаласаҳои пленарии Конфронс ҷиҳати фароҳам овардани замина барои изҳоротҳои сиёсӣ тарҳрезӣ шуда, муколамаҳои интерактивии он бошад бо панҷ мавзуи муколамаи интерактивии Конфронси оби СММ дар соли 2023 мувофиқат карда карда шудаанд.
Ҷиҳати таъмини пайгирии Конфронси оби СММ, собиқ ҳамраисони муколамаҳои интерактивии Конфронси оби СММ дар соли 2023 дар Ню-Йорк омодагии худро барои идомаи талошҳои худ дар чаҳорчӯби Раванди оби Душанбе изҳор дошта, аллакай дар ин самт корбарӣ намуда истодаанд.
Ҳамкорони азиз,
Тоҷикистон ба уҳдадории худ дар пешбарии рӯзномаи об содиқ боқӣ монда, аз ҳамаи шарикон даъват ба амал меорад, ки дар Конфронси сеюми Даҳсолаи амали оби Душанбе фаъолона ширкат варзанд, то дар иҷрои ӯҳдадориҳо ва амалҳои нави марбут ба об саҳм гузоранд.
Барои диққататон сипосгузорам!