Муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон

12.04.2024 21:39

 

11 апрели соли 2024 дар шаҳри Деҳлии Нав бо ташаббуси Палатаи тиҷорати байналмилалии Ҳиндустон ва Сафорати Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзуи “Тиҷорат бо Тоҷикистон” бо иштироки намояндагони ширкату корхонаҳои кишвари иқомат баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур Сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон Луқмон Бобокалонзода иштирок ва суханронӣ карда, дар бораи имкониятҳо ва зарфиятҳои сармоягузории кишвар, аз ҷумла дар соҳаҳои саноат, энергетика, нақлёт, кишоварзӣ сайёҳӣ, тандурустӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Чорабинӣ бо мубодилаи созандаи афкор анҷом ёфт.

 

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg