Мулоқот бо Мудири кулли Эътилофи инфрасохтори устувор ба ҳолатҳои фавқулода

13.04.2024 14:15

 

12 апрели cоли 2024 мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон Луқмон Бобокалонзода бо Мудири кулли Эътилофи инфрасохтори устувор ба ҳолатҳои фавқулода Амит Прозӣ доир гардид.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни Тоҷикистон ва Эътилофи инфрасохтори устувор ба ҳолатҳои фавқулода, аз ҷумла дар доираи барномаву лоиҳаҳои СММ табодули афкор анҷом доданд.

Тоҷикистон соли 2022 ба Эътилофи мазкур ҳамчун узви комилҳуқуқ шомил шудааст.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg