Мулоқот бо Сафири Непал

15.04.2024 19:22

20240415-112143333333333.jpg

15 апрели cоли 2024 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон Луқмон Бобокалонзода бо Сафири Ҷумҳурии Федеративии Демократии Непал дар Ҳиндустон Шанкар Прасад Шарма доир гардид.

Дар мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, инчунин роҳҳои тавсеаи ҳамкориҳои ду кишварро дар соҳаҳои иқтисод, обу энергетика ва дигар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳ муҳокима намуданд.

Зимни суҳбат ҷонибҳо инчунин дар мавриди тақвияти ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg