18 апрели соли 2024 мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон Луқмон Бобокалонзода бо Дабири кулли Комиссияи байналмилалӣ оид ба обёрӣ ва заҳбур Ашвин Пандя баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо роҳу имконоти таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Комиссияи байналмилалӣ оид ба обёрӣ ва заҳбурро, аз ҷумла тавассути татбиқи барномаҳо ва лоиҳаҳои мушаххас, ки ба беҳтарсозии обёрӣ дар кишвар нигаронида шудаанд, баррасӣ карданд.
Ҳамчунин, ҷонибҳо оид ба дурнамои ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби барномаҳои Созмони Милали Муттаҳид ва инчунин бонкҳои рушди минтақавӣ табодули афкор анҷом доданд.