Мулоқот дар Вазорати корҳои хориҷии Ҳиндустон

20.04.2024 13:11

 

IMG-20240420-WA0003.jpg

19 апрели соли 2024 мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон Луқмон Бобокалонзода бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Паван Капур доир гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо роҳу имкониятҳои тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Ҳиндустонро дар бахшҳои гуногун муҳокима карданд.

Ҷонибҳо инчунин дар мавриди ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор анҷом доданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg