19 апрели соли 2024 ҳайати Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон зери роҳбарии Раиси Палата Ҷамшед Ҷумъахонзода бо роҳбарияти Конфедератсияи саноатии Ҳиндустон, Федератсияи палатаҳои савдо ва саноат ва Палатаи савдо ва саноати Ҳиндустон вохӯриҳо анҷом дод.
Зимни суҳбат ҷонибҳо масоили муҳими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, ҷиҳати тақвияти робитаҳо дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, энергетика, тиҷорат, туризм ва кинематография табодули афкор анҷом доданд.
Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон аз роҳбарияти Конфедератсияи саноати Ҳиндустон, Федератсияи палатаҳои савдо ва саноат ва Палатаи савдо ва саноати Ҳиндустон даъват ба амал овард, то дар Намоишгоҳи байналмилалии "Тоҷикистон-24", ки рӯзҳои 3-5 майи соли равон дар Душанбе баргузор мегардад, ширкат намоянд.