10 сентябри соли 2024 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон Луқмон Бобокалонзода бо Мудири кулли Эътилофи зерсохтори тобовар ба офатҳои табиӣ (CDRI) Амит Протҳи баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба дурнамои рушди ҳамкориҳо дар соҳаи инфрасохтори тобъовар ба офатҳои табиӣ, масъалаҳои обшавии пиряхҳо ва коҳиши хатарҳои офатҳои табиӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.