Рӯзҳои 28-29-уми октябри соли 2024 дар ҳошияи аввалин Форуми байналмилалии сармоягузории маъдан ва металлургия ва намоишгоҳи Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи миллии корхонаҳои хурди Ҷумҳурии Ҳиндустон ба имзо расид.
Ёддошти тафоҳумро аз ҷониби Тоҷикистон Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Шералӣ Кабир ва аз ҷониби Ҳиндустон ҷаноби Субҳрансу Сехар Ачария ба имзо расониданд. Ҳадафи асосии Ёддошти тафоҳум вусъат додани ҳамкорӣ дар бахши корхонаҳои хурду миёна ва мусоидат ба омӯзиш ва рушди маҳорат мебошад.