Мулоқот бо Мудири кулли Маркази минтақавӣ барои рушди фарогири минтақаҳои куҳистон (ICIMOD)

08.03.2025 16:50

WhatsApp-Image-2025-03-08-at-11-57-11.jpeg

7 марти соли 2025 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон Луқмон Бобокалонзода  бо Мудири кулли  Маркази минтақавӣ барои рушди фарогири минтақаҳои куҳистон (ICIMOD), доктор  Пема Гуамтшо баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба дурнамои рушди ҳамкориҳо дар масоилу мушкилоти рушди устувор дар минтақаҳои куҳистон, аз ҷумла чолишҳои марбут ба обшавии босуръати пиряхҳо, ва ҳамкориҳо дар доираи “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва “Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои криосфера” мубодилаи созандаи афкор анҷом доданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg