21 марти соли 2025 мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа доир гардид.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Раёсат оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ (UN DESA), аз ҷумла иқдомҳои муштарак дар самти пешбурди се рукни рушди устувор – иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Инчунин ҷонибҳо роҷеъ ба талошҳои муштарак дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об, аз ҷумла баргузории Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо (Душанбе, 29 - 31 майи 2025) ва Конфронси СММ бахшида ба ҷамъбасти Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (Душанбе, соли 2028) табодули афкор намуданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan