Ҳайати саднафараи ҷавонони фаъоли Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистон дар анҷумани сеюми ҷавонони Осиёи Марказӣ дар Ҳиндустон аз 21 то 28 марти соли 2025 иштирок карда, аз маконҳои таърихӣ, фарҳангӣ, сайёҳӣ, саноативу технологӣ ва дигари Ҳиндустон боздид ба амал овард.
Зимни анҷумани мазкур суҳбатҳои роҳбарияти мақомоти расмии кишвар, аз ҷумла Вазири корҳои хориҷӣ, Вазир оид ба масоили ҷавонон ва варзиш, роҳбарияти штати Гоа ва дигар бо ҷавонон баргузор гардид.
Анҷумани мазкур ҳарсол мутобиқи қарордодҳои нахустин Саммити Ҳиндустон - Осиёи Марказӣ, ки 27 январи соли 2022 доир гардидааст, танзим мегардад ва дар он аз ҳар кишвари минтақа бист нафарӣ ҷавонон ширкат меварзанд.