17 апрели соли 2025 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон Луқмон Бобокалонзода бо Мудири кулли Институти энергетика ва захираҳо (TERI) доктор Вибҳа Бҳаван баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба дурнамои рушди ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика ва захираҳои об, аз ҷумла дар ҳошияи Конфронси сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, мубодилаи афкор анҷом доданд.