Маросими супоридани эътимоднома ба Президенти Шри-Ланка

16.05.2025 15:16

 

 

15 майи соли 2025 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка (қароргоҳ дар Деҳлии Нав) Луқмон Бобокалонзода эътимодномаи хешро ба Президенти Шри-Ланка Анура Кумара Диссанаяке супорид.

Зимни маросими супоридани эътимоднома сафир дуруду таманниёти неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Шри-Ланка расонид.

Президенти Шри-Ланка ба муносибати оғози фаъолият сафири Тоҷикистонро табрик гуфта, ба ӯ дар иҷрои вазифаҳои дипломатӣ комёбиҳо орзу намуд.

Пас аз маросими мазкур мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷӣ, шуғл ва туризми Шри-Ланка Виҷита Ҳерат баргузор гардид. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дар мавриди татбиқи санадҳои имзошуда байни ду давлат ва ба роҳ мондани фаъолияти механизмҳои машваратҳои дуҷонибаи сиёсӣ, тиҷоратӣ ва иқтисодӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg