Конфронси 26-уми байналмилалии раисони судҳои олии кишварҳои ҷаҳон

25.11.2025 19:38

Sudi-oli.jpg

19-24 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Лакҳнауи Ҷумҳурии Ҳиндустон Конфронси  26-уми байналмилалии раисони судҳои олии кишварҳои ҷаҳон баргузор гардид. Дар конфронс ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Мирзозода Рустам Пираҳмад Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд.

Зимни иштирок дар Конфронс намояндагони Тоҷикистон дар мавзуи ҷиноятҳо ба муқобили амнияти иттилоотӣ маъруза намуда, нақши ҳамкории байналмилалӣ дар таҳкими адолати судӣ ва мубодилаи таҷрибаҳоро байни низоми судӣ таъкид карданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg