25 ноябри соли 2025 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Сингапур (қароргоҳ дар Деҳлии Нав) Луқмон Бобокалонзода эътимодномаи хешро ба Президенти Сингапур ҷаноби Тарман Шанмугаратнам супорид.
Зимни маросими супоридани эътимоднома сафир дуруду таманниёти неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Ҷумҳурии Сингапур расонид.
Президенти Сингапур ба муносибати оғози фаъолият сафири Тоҷикистонро табрик гуфта, ба ӯ дар иҷрои вазифаҳояш комёбиҳо орзу намуда, ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба ва бисёрҷониба дар соҳаҳои мухталиф байни ҳукумат ва мардуми ду кишвар ибрози назар намуд.
Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Сингапур ҳаштуми декабри соли 1995 барқарор шудааст.