Ворид шудани номинаи “Фарҳанги суманакпазӣ” ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО

11.12.2025 14:57

 

10 декабри соли 2025 зимни иҷлоси 20-уми Кумитаи байниҳукуматии мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО дар ш. Деҳлии Нав номинаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Фарҳанги суманакпазӣ” қабул шуда, ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардид.

Боиси қайд аст, ки номинаи мазкур аз ҷониби Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО таҳия гардида, соли 2023 ба баррасии созмони зикргардида пешниҳод шуда буд.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg