Супоридани эътимоднома ба Президенти Непал

12.12.2025 14:44

 

 

11 декабри соли 2025 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Непал (қароргоҳ дар Деҳлии Нав) Луқмон Бобокалонзода эътимодномаи хешро ба Президенти Непал ҷаноби Рам Чандра Паудел супорид.

Президенти Непал ба муносибати оғози фаъолият сафири Тоҷикистонро табрик гуфта, ба ӯ дар иҷрои вазифаҳояш комёбиҳо орзу намуда, ҷиҳати тақвияту вусъатбахшии  ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба ва бисёрҷониба дар соҳаҳои мухталиф байни ҳукумат ва мардуми ду кишвар ибрози назар намуд.

Зимни маросими супоридани эътимоднома сафир дуруду таманниёти неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Ҷумҳурии Непал расонид.

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Демократии Непал 13 сентябри соли 2005 барқарор шудааст.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg