16 декабри соли 2025 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон тамошои дастҷамъонаи Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар баргузор гардид.
Дар тамошои пахши мустақими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони Намояндагии дипломатӣ ва курсантони академияи ҳарбӣ иштирок намуданд.