Тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бо Олмон

12.02.2026 15:19

Дар чаҳорчӯби нахустин нишасти вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Олмон дар қолаби “С5+1” мизи мудаввари иқтисодӣ доир гардид.

Дар ин чорабинӣ вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон, инчунин доираи васеи соҳибкорон ва роҳбарони ширкатҳои бонуфузи олмонӣ иштирок доштанд.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни баромад таваҷҷуҳи ҷамъомадагонро ба имконияту захираҳои табии кишвар, маъданҳои нодир ва манбаъҳои нерӯи таҷдидпазир ҷалб намуд.

Дар фарҷоми мизи мудаввар ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои тақвияти робитаҳои иқтисодӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки авлавиятнок изҳор карданд.


Аксҳо аз https://www.photothek.de/ 

 

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg