Муносибатҳои Тоҷикистон бо Ҳиндустон

11.06.2020 10:40

Муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ҳиндустон 28 августи соли 1992 барқарор шуданд.

Соли 1993 нахустин cафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо иқомат дар Тошкент) таъин гардид.

Соли 1994 Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар шаҳри Душанбе ва дар соли 2003 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Деҳлӣ кушода шуданд.

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон - Луқмон Бобокалонзода (аз 20.11.2020).

Сафири фавқулодза ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Вираҷ Сингх (аз 01.08.2019).

28 августи соли 2022 ба муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Ҳиндустон 30 сол пур шуд.

Ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ҳиндустон бо кӯшишҳои тарафайн дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ-тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, иҷтимоӣ ва тандурустӣ, фарҳангию гуманитарӣ, ҳарбӣ ва амниятӣ, инчунин дигар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо рушд меёбанд.

Зимни ин солҳо равобити мутақобила сафарҳои давлатӣ, расмӣ ва кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ҳиндустон (солҳои 1993, 1995, 2001, 2006, 2012 ва 2016) сурат гирифтаанд.

Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон бо сафарҳои расмӣ ва корӣ (6-8 сентябри 2009 ва 7-9 октябри 2018) ба Тоҷикистон ташриф овардааст.

Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон бо сафарҳои расмӣ ва корӣ (солҳои 2003 ва 2015) ба Тоҷикистон ташриф овардааст.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12-14 майи 2015 ва 17-20 декабри 2021 ба Деҳлӣ сафарҳои расмӣ ва корӣ анҷом додааст.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон бо сафарҳои корӣ 11-12 сентябри 2014, 11-12 октябри 2018 ва 14-15 июни 2019 ба Душанбе ташриф овардааст.

Вохӯриҳои вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Субраҳманям Ҷайшанкар 10 сентябри 2020 (дар ҳошияи ҷаласаи Созмони ҳамкории Шанхай дар ш.Москва), 31 марти 2021 (дар чаҳорчӯби Нуҳумин Конфронси вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви “Қалби Осиё-Раванди Истанбул” дар ш.Душанбе), 28 июли 2022 (дар доираи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар ш.Тошкент) ва 5 майи 2023 (дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар ш. Панаҷӣ) баргузор шудаанд.

То ба имрӯз чор даври машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Душанбе ва Деҳлӣ баргузор гардидаанд. Дар рафти даври чоруми машваратҳои сиёсӣ бо иштироки Муовини якуми вазири корҳои хориҷии ҶТ Низомиддин Зоҳидӣ ва Муовини якуми вазири корҳои хориҷии ҶҲ Гитеш Шарма (Деҳлии Нав, 19 декабри 2018) ҷонибҳо вазъи кунунии муносибатҳои ду кишварро мавриди баррасӣ қарор дода, аз мазмуну муҳтавои робитаҳои Тоҷикистону Ҳиндустон изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Миёни ду кишвар абзорҳои зерини ҳамкорӣ амал мекунанд: Машварати стратегии Котиботи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Котиботи Шӯрои амнияти миллии Ҷумҳурии Ҳиндустон, Гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бар зидди терроризм, Гурӯҳи кории муштарак оид ба ҳамкории мудофиавӣ, Гурӯҳи кории муштарак оид ба истифодабарии осоиштаи технологияи кайҳонӣ барои рушд, Гурӯҳи кории муштарак оид ба энергетика, Машваратҳои консулӣ.

Бо мақсади густариши ҳамкориҳо ва робитаҳои байнипарлумонӣ бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.09.2020 байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи Мардумии Парламенти (Лок Сабҳа) Ҷумҳурии Ҳиндустон Гурӯҳи дӯстӣ таъсис дода шудааст. 

Аз соли 2019 инҷониб сиғаи ҳамкориҳои минтақавии бисёрҷониба, Муколамаи “Осиёи Марказӣ-Ҳиндустон” дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ амал мекунад.

19 декабри 2021 дар ш.Деҳлӣ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар кори нишасти сеюми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи “Осиёи Марказӣ-Ҳиндустон” ширкат варзида, муҳим хонданд, ки аз иқтидори бузурги рушди иқтисодию сармоягузорӣ дар минтақа ба таври самаранок истифода шавад. Бо ишора ба аҳаммияти хоси таҳкими бештари фаъолияти Муколама мусоидат дар раванди татбиқи лоиҳаҳои бузурги зербиноӣ, нақлиётӣ, иқтисоди сабз, рақамикунонӣ ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҷиҳати тавсеаи иқтидор ва имкониятҳои содиротӣ таъкид гардид. 

27 январи 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити якуми сарони кишварҳои “Осиёи Марказӣ-Ҳиндустон”, ки дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.

Саммити мазкур таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Моди сурат гирифт. Иштирокдорони нишаст дар робита ба раванди ҷории муносибатҳои ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон ва ҳамзамон дурнамои рушди минбаъдаи онҳо дар доираи Муколамаи “Осиёи Марказӣ-Ҳиндустон” табодули афкор намуданд. Саммит бахшида ба 30-солагии истиқрори робитаҳои дипломатӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон барпо гардид.

17 октябри соли 2023 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи Котибони Шӯрои амнияти кишварҳои аъзои Муколамаи “Осиёи Марказӣ- Ҳиндустон баргузор гашт.

Пояи қарордодӣ-ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро зиёда аз 73 санади байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ дар бораи ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсиву дипломатӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, илмӣ-техникӣ, кишоварзӣ, саноат, энергетика, бонкдорӣ, гумрук ва андоз, бофандагӣ, муносибатҳои иҷтимоӣ ва меҳнат, тиббу тандурустӣ, фарҳанг, санъат ва ҳунар, маориф, илм ва технология, сайёҳӣ, варзиш, ҳифзи муҳити зист ва идоракунии офатҳои табиӣ, воситаҳои ахбори умум, телевизион ва радио, амният, мудофиа ва ҳарбӣ, алоқаи ҳавоӣ ва ғайра ташкил медиҳад.

Густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо Ҳиндустон яке аз самтҳои афзалиятноки муносибатҳои дуҷониба мебошад.

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ доир ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ (12 декабри 1995, Деҳлӣ) барои таъсиси чаҳорчӯбаи муҳимми баррасии маҷмӯи масъалаҳои ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмию техникӣ заминаи меъёрӣ-ҳуқуқӣ гузошта, то ба имрӯз 11 ҷаласаи Комиссияи мазкур баргузор гардидааст (охиринаш 24-25 феврали 2020 дар ш.Деҳлӣ).

Дар соли 2021 гардиши мол байни ду кишвар ба 122 млн. 607 ҳазор доллари ИМА расидааст, ки нисбат ба ҳамин нишондиҳандаи соли 2020 ба андозаи 308,8% афзоиш ёфтааст.

Аз Ҳиндустон ба Тоҷикистон асосан маҳсулоти гӯштӣ, қаҳва, чой, доруворӣ, ҷавоҳирот, таҷҳизоти тиббӣ ва маҳсулоти нассоҷӣ ворид мешаванд. Растаниҳои шифобахш ва меваи хушк маҳсулоти содиротии Тоҷикистонро ба Ҳиндустон ташкил медиҳанд.

Айни ҳол, дар Тоҷикистон беш аз 57 ширкати ҳиндустонӣ фаъолият доранд ва дар реестри давлатӣ зиёда аз 1083 номгӯи маводди доруворӣ ва молҳои тиббии Ҳиндустон сабт шудааст.

20.11.2023

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg