Иштироки Сафир дар Бизнес конфронс

08.08.2019 17:22

7 августи соли 2019  Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон Султон Раҳимзода дар  Бизнес Конфрос таҳти унвони “ Ҳиндустон –Осиёи Марказӣ ва фаротар аз он ба сӯи рушд ва шукуфоӣ”,  ки аз ҷониби Millennial India International-и назди Палатаи савдову саноат ва кишварзӣ дар якҷоягӣ бо  Вазорати корҳои хориҷии Ҳиндустон дар меҳмонхонаи Royal Plaza Hotel дар Деҳлии нав баргузор гардид, иштирок намуд.

Ҳадафи конфронс баррасии ҷанбаҳои гуногуни такмили минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии Ҳиндустон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар самти рушд ва шукуфоӣ буд. Дар конфронс намояндагони мақомотҳои баландпояи Вазорати саноат ва савдо ва Вазорати корҳои хориҷии Ҳиндустон, сафирону намояндагони аршади намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ дар Деҳлии нав, ҳамчунин сафирони Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон ва намояндагони сафоратҳои Россия, Арманистон ва Узбекистон, инчунин ҷомеаи соҳибкорони Ҳиндустон иштирок намуданд.

Сафир барои иштироккунандагон оид ба фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, иқтидори иқтисодии кишвар ва захираҳои табиии он, таҳкими равобити тиҷоративу иқтисодӣ, роҳҳои рушди тиҷорат ва эҳёи механизмҳои махсус дар ин соҳа бо мақсади густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни Тоҷикистон ва Ҳиндустон маъруза намуд.

Buisiness-forum.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg