25 феврали 2020 дар Деҳлии Нав мулоқоти Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Тоҷиддин Ҷӯразода бо Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон, Суреш К. Редди доир гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо аз ҳолати кунунии ҳамкориҳои ду кишвари дӯст ибрози қаноатмандӣ намуда, густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои сармоягузорӣ, илму маориф, фарҳанг, сайёҳӣ ва технологияҳои навро заминаҳои дигари васеъ барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд номиданд.
