Баргузории Иҷлоси ёздаҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон

25.02.2020 18:28

24-25 феврали 2020 дар Деҳлии Нав иҷлоси 11-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон роҷеъ ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ баргузор гардид, ки дар он аз ҷониби тоҷикистонӣ муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Тоҷиддин Ҷӯразода ва аз ҷониби ҳиндустонӣ Муовини вазири савдо ва саноати ин кишвар Ануп Вадҳаван раёсат намуданд.

Дар он иҷлос ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкориҳо байни ду кишвар дар соҳаҳои иқтисодиёт, тиҷорат, молия, сармоягузорӣ, бахши хусусӣ, саноат ва технологияҳои нав, нақлиёт, кишоварзӣ, энергетика, маориф, фарҳанг, сайёҳӣ ва масоили дигари мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ гардиданд.

Ҷонибҳо ба зарурати таҳкими раванди иштироки мутақобила дар намоишгоҳҳо ва ярмаркаҳо, ки дар Тоҷикистону Ҳиндустон баргузор мегарданд ва тақвияти ҳамкориҳои минбаъда дар доираҳои соҳибкорӣ ва ташкили намояндагиҳои муштараки соҳибкорӣ, форумҳо ва мулоқотҳои дуҷониба таъкид намуданд.

Дар ҳошияи чорабинии мазкур вохӯриҳои дуҷонибаи роҳбари ҳайати Тоҷикистон бо муовини Вазири фарҳанги Ҳиндустон Ёгендра Трипати, муовини Вазири корҳои хориҷӣ Суреш К. Редди ва Президенти Шӯрои Ҳиндустон оид ба муносибатҳои фарҳангӣ (ICCR) д-р Винай Прабҳакар Саҳасрабудҳе баргузор гардиданд. Дар он мулоқотҳо ҷонибҳо роҳҳои таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни Тоҷикистон ва Ҳиндустонро дар соҳаҳои гуногун ва барои ҳар ду ҷониб муҳим мавриди муҳокима ва табодули назар қарор доданд.

Дар поёни ҳамоиш, 25 феврали 2020 Протоколи иҷлоси 11-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ҳиндустон роҷеъ ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ ба имзо расид.

imzo-MPK.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg