25 феврали 2020 дар Деҳлии Нав мулоқоти Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Тоҷиддин Ҷӯразода бо Муовини Вазири фарҳaнги Ҳиндустон, Ёгендра Трипатҳи доир гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ба густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар доираи татбиқи Барномаи табодули фарҳангии байни Тоҷикистону Ҳиндустон барои солҳои 2019-2023 таъкид намуданд.
Ҳамчунин, масоили иштироки ҳайатҳои ҷонибҳо дар фестивалҳои фарҳангӣ, такмили экспозитсияҳои осорхонаҳои ду кишвар, табодули таҷриба дар таъмир ва тармими маконҳои таърихӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд.
