Видеоконфронс бо соҳибкорони ҳиндустонӣ

30.07.2020 11:38

29 июли соли 2020 Сафорат дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ведеоконфронсро дар мавзӯи “Имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон” ташкил намуд, ки дар он доираи васеи соҳибкорону  сармоягузорони ҳиндустонӣ ва непалӣ ширкат варзиданд.

Иштирокчиён бо сиёсати сармоягузорӣ, кафолат ва имтиёзҳо барои сармоягузорон, инчунин имкониятҳои мавҷудаи сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос карда шуданд. Таваҷҷуҳи махсус ба бахшҳои афзалиятноки сармоягузорӣ, махсусан соҳаҳои саноат, энергетика, сайёҳӣ, бонкдорӣ, фармасевтӣ, иттилооти телекомуникатсионӣ ва ғ., ки ба сармогузорони ҳиндустонӣ ҷолиб аст, дода шуд.

10.png

photo.png

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg