Муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар

17.08.2020 16:52

17 августи соли 2020 Сафорат дар ҳамкорӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон видеоконфронсро дар мавзӯи “Имкониятҳои сайёҳӣ дар Тоҷикистон” ташкил намуд, ки дар он доираи васеи ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Ҳиндустон ширкат варзиданд.

Иштирокчиён бо соҳаи сайёҳии кишвар, аз ҷумла иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди ин соҳа ва имкониятҳои сармоягузории хориҷӣ барои рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон, шинос карда шуданд. Ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо байни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистону Ҳиндустон дар самти ҷалби сайёҳони ду кишвар ба кишварҳои якдигар муколама ва мубодилаи афкор сурат гирифт.

Барои маълумоти бештар аз чорабинӣ пайванди мазкурро зер намоед:

https://www.facebook.com/TajikistanEmbassyToIndia/videos/4902861059740042

1.jpg

2.jpg

3.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg