20 ноябри соли 2020 маросими супоридани эътимодномаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон Луқмон Бобокалонзода ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон муҳтарам Рам Натҳ Ковинд дар сиғаи видеоконфронс баргузор гардид.
Зимни маросим Сафир таманниёти неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон расонид. Ҳамзамон таъкид гардид, муносибатҳои ҳасанаи дуҷониба дар сатҳи олитарин ва зарфияти то ҳол истифоданашуда имконияти фарохро ҷиҳати вусъатбахшии робитаҳои ҳар ду ҷониб фароҳам меоварад.

