
Луқмон Бобокалонзода тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 сентябри соли 2020 ба ҳайси Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон таъйин шуд.
20 ноябри соли 2020 ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон ҷаноби Рам Натҳ Ковинд эътимоднома худро супорид.
ТАҲСИЛОТ
1987-1992 - Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон.
1996 – Донишкадаи Хизмати Дипломатии Ҳиндустон.
1998-2000 – Академияи Дипломатии Федератсияи Россия.
2001- Донишкадаи муносибатҳои байналмилалии Нидерланд.
2002 – Курсҳои дипломатӣ ва забони олмонӣ дар Вазорати корҳои хориҷии Олмон.
ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ
1994-1995 – Мутахассиси пешбари Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
1995-1998 – Котиби дуюми Раёсати консулӣ, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2000-2003 – Котиби якуми Раёсати кишварҳои Аврупо ва Америка, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2003-2004 – Котиби дуюм, Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди САҲА ва ташкилотҳои СММ дар Вена.
2004-2006 – Сардори Шуъбаи СММ дар Раёсати созмонҳои байналмилалӣ, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2006-2010 – Котиби якуми Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ, Ню Йорк.
2011-2012 – Муовини Сардори Раёсати созмонҳои байналмилалӣ, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2012-2015 – Мушовири Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ, Ню Йорк.
2016-2017 - Муовини Сардори Раёсати созмонҳои байналмилалӣ, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2017 - сентябр 2020 – Сардори Раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
15 майи соли 2025 ба ҳайси Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка (қароргоҳ дар Деҳлии Нав) Луқмон Бобокалонзода эътимодномаи хешро ба Президенти Шри-Ланка Анура Кумара Диссанаяке супорид.
23 июни соли 2025 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Малдив (қароргоҳ дар Деҳлии Нав) эътимодномаи хешро ба Президенти Малдив Моҳамед Муиззу супорид.
Оиладор ва соҳиби се фарзанд.
Сафир Бобокалонзода Л. забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва олмониро медонад.