9 апрели соли 2021 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон Луқмон Бобокалонзода бо Вазири маорифи Ҳукумати Ҳиндустон ҷаноби Рамеш Похриял Нишанк мулоқот намуд.
Зимни вохӯрӣ тақвияти ҳамкориҳои байни Тоҷикистону Ҳиндустон дар соҳаи маориф ва илм, аз ҷумла роҳҳои зиёд кардани шумораи донишҷӯен тариқи барномаҳои мубодила ва фаъол намудани абзори машваратии вазоратҳои маорифи ду кишвар баррасӣ гардид.
