11 марти соли 2022 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон Бобокалонзода Луқмон бо Ҳамраиси Кумитаи иҷроияи Эътилофи байналмилалии рушди зерсохтори устувор Камол Кашор мулоқот намуд.
Зимни вохӯрӣ масоил ва роҳҳои тақвияти ҳамкориҳои минбаъда, аз ҷумла иштироки Тоҷикистон дар фаъолияти Эътилофи мазкур мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Тоҷикистон 4 феврали соли 2022 ба ҳайси узви Эътилоф пазируфта шуд.
Инчунин, дар рафти мулоқот ба ҳамсуҳбат маълумот оид ба Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, ки моҳи июни соли ҷорӣ дар ш.Душанбе барпо мешавад, пешниҳод гардид.