Иштироки Консули генералӣ дар Форуми IV сайёҳии Сибир

14.06.2022 11:46

Рӯзҳои 9-11 июни соли 2022 дар шаҳри Красноярск бо дастгирии мақомоти федералӣ ва бо иштироки Ассотсиатсияи байниминтақавии «Сибирское соглашение» ва ассотсиатсияҳои сайёҳии Федератсияи Россия Форуми IV сайёҳии Сибир баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони Кумитаи Думаи Давлатӣ оид ба сайёҳи ва рушди инфрасохтори сайёҳӣ, минтақаҳои Сибир ва Урал ва минтақаи Арктикаи Федератсияи Россия, намояндагони муассисаҳои дипломатии дар минтақа аккредитатсияшуда, инчунин ширкатҳои сайёҳи ширкат доштанд.

Дар рафти ин чорабинӣ масъалаҳои вобаста ба тадбирҳои дастгирии давлатии соҳаи саёҳи дар Сибир, Урал ва Арктика, таҳияи таклифҳо оид ба чораҳои зидди буҳронӣ, дурнамои ҳамкориҳои байналмилалӣ дар  соҳаи сайёҳӣ ва дигар масъалахои мубрами соҳа мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Дар доираи ин Форум Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск Давлатхоҷа Ятим дар мизи мудаввар иштирок намуда, дар мавзӯи имкониятҳои сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд. Ҳамчунин, бо пешниҳоди Консули генералӣ навори видеоӣ дар бораи имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омода карда шудааст, дар сомонаи Анҷуман гузошта шуд.

IMG-20220613-WA0004.jpg

IMG-20220613-WA0005.jpg

img-7145.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg