Чорабинӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Новосибирск

28.06.2022 19:29

28 июни соли 2022 дар бинои Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск бахшида ба таҷлили 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ кормандони Консулгарии генералӣ, роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, фаъолони диаспораи тоҷикон ва чамъиятхои донишҷӯён ширкат доштанд.

Дар доираи чорабинӣ тамошои дастаҷамъонаи Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.

Консули генералӣ дар суханронии табрикии худ ваҳдати миллиро яке аз дастовардҳои бузурги миллати тоҷик дар даврони истиқлол арзёбӣ намуда, аҳамияти бунёдии ин падидаро дар таҳкими давлатдории муосири тоҷикон ва пойдории пояҳои истиқлолияти Тоҷикистон таъкид кард.

Дар робита ба ин, Консули генералӣ ба таври муфассал оид ба марҳилаҳо ва роҳҳои бадаст овардани сулҳу ризоият, аҳамияти ҷаҳонӣ ва таърихӣ доштани таҷрибаи Тоҷикистон дар сарҷамъии миллат ва субот, инчунин нақши таърихии иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дод. Нақши бузург ва ҳалкунандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муттаҳидсозии тамоми неруҳои пешрафта ва ҳалли низои шаҳрвандӣ таъкид гардида, ба иштироккунандагон оид ба дастовардҳои ахири сиёсати дохилию хориҷӣ ва ташаббусҳои кишвар маълумот пешниҳод гардид.

Ҳамзамон дар рафти вохӯрӣ роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва фаъолони диаспораи тоҷикон суханронӣ намуда, аҳамияти ин рӯйдоди таърихиро барои тамоми халқи тоҷик ва нақши ҳалкунандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноил шудан ба сулҳу ризоияти миллӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди устувори Тоҷикистон таъкид намуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ Консули генералӣ бори дигар ҳамаи ҳозиринро бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик гуфта, аз ишитрокчиён ҷиҳати таҳкими ваҳдату ҳамбастагӣ, саҳм гузоштан дар тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ҳувияти миллӣ, эҳтиром ба анъана ва фарҳанги ниёгон, тавсеаи ҳамкориҳо байни иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, мусоидати саривақтӣ дар ҳалли мушкилоти бамиёномадаи муҳоҷирони меҳнатӣ, инчунин татбиқи фаъолонаи ташаббусҳое, ки ба таҳкими сулҳу иттифоқ байни миллатҳоп дар қаламрави давлати иқомат равона шудаанд ва амалинамоии фаъолияти маънавию-маданӣ ва варзишӣ дар байни ҷавонон даъват ба амал овард.

Чунин чорабиниҳо аз ҷониби роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятӣ бо иштироки фаъолони диаспораи тоҷикон дар шаҳрҳои Хабаровск ва Красноярск низ баргузор шуданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg