Вохӯрӣ бо вазири корҳои хориҷии Сингапур

01.07.2022 20:32

30 июни соли 2022 дар Лиссабон дар ҳошияи Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷӣ Шараф Шерализода бо Вазири корҳои хориҷии Сингапур доктор Вивиан Балакришнан баргузор гардид.

Ҷонибҳо доир ба сатҳи кунунии ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Сингапур ва имконияти густариши он, бахусус дар самти иқтисоду сармоягузорӣ табодули афкор намуданд.

Ҳамзамон, натиҷаҳои Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати даҳсолаи об, ки соли 2023 дар Ню-Йорк баргузор хоҳад шуд, баррасӣ гардида, таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи об низ матраҳ карда шуд.

01-07-2022-18-20.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg